БА ДУШАНБЕ АТТРАКСИОНҲОИ НАВ ВОРИД МЕНАМОЯНД
Душанбе, 22 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо мақсади интихоби беҳтарин аттраксионҳо бо назардошти таҳвил ва васли онҳо дар иншооти «Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт», шаҳрдории Душанбе тендер эълон намуд. Тендер дар як давра гузаронида мешавад. Довталабони ватанӣ ва хориҷӣ имкон доранд ба Комиссияи тендерӣ мактуби ёддошт пешниҳод созанд. Дар он бояд номгӯй, суроға ва кишвари истеҳсолкунандаи аттраксионҳо, нишондодҳои техникӣ ва арзиши умумии ҳар яки онҳо бо назардошти хароҷоти гумрукӣ ва роҳкиро, васли онҳо (бо риояи меъёрҳо ва қоидаҳои сохтмонӣ оид ба зилзила тобовар, муқовиматпазирӣ ба шамол, бехатарӣ аз сӯхтор) , мӯҳлати иҷрои корҳои сохтмонӣ-васлкунии аттраксионҳо ва кафолатномаи истифодабарии онҳо ба мӯҳлати на кам аз ду сол нишон дода шаванд Довталабон ҳуҷҷатҳоро бояд на дертар аз 1 сентябри соли 2010 ба Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд. Комиссия ғолиби озмунро дар асоси овоздиҳии кушод муайян менамояд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






