БА ДУШАНБЕ АТТРАКСИОНҲОИ НАВ ВОРИД МЕНАМОЯНД

Июль 22, 2010 11:23

Душанбе, 22 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо мақсади интихоби беҳтарин аттраксионҳо бо назардошти таҳвил ва васли онҳо дар иншооти «Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт», шаҳрдории Душанбе  тендер эълон намуд. Тендер дар як давра гузаронида мешавад. Довталабони ватанӣ ва хориҷӣ имкон доранд ба Комиссияи тендерӣ мактуби ёддошт пешниҳод созанд. Дар он  бояд номгӯй, суроға ва кишвари истеҳсолкунандаи аттраксионҳо,  нишондодҳои техникӣ  ва арзиши умумии ҳар яки онҳо бо назардошти  хароҷоти гумрукӣ ва роҳкиро, васли онҳо (бо риояи меъёрҳо ва қоидаҳои сохтмонӣ оид ба зилзила тобовар, муқовиматпазирӣ ба шамол, бехатарӣ аз сӯхтор) , мӯҳлати иҷрои корҳои сохтмонӣ-васлкунии аттраксионҳо ва кафолатномаи истифодабарии онҳо ба мӯҳлати на кам аз ду сол нишон дода шаванд Довталабон ҳуҷҷатҳоро бояд на дертар аз 1 сентябри соли 2010 ба Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд. Комиссия ғолиби озмунро дар асоси овоздиҳии кушод муайян менамояд.                                                                                                                    

Июль 22, 2010 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!