БА ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИВУ ЭКОЛОГИИ СААД БОЯД АФЗАЛИЯТ ДОД

Июль 20, 2010 14:14

Суханронии вазири  корҳои хориҷии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Ҳамрохон Зарифӣ  дар иҷлосияи  дуюми ғайрирасмии  вазирони корҳои   хориҷии давлатҳои узви  иштирокчии СААД   дар мавзӯи «Мақсадҳои ҳамоиши СААД кадомҳоянд» (Алмаато, 17 июли 2010) Мӯҳтарам  Ҷаноби Раис, Ҳакорони  мӯҳтарам , Хонумҳо ва ҷанобон. Бисёр давлатҳо- иштирокчиёни  Созмон  идеяи дар  соли  2010 баргузор   намудани  ҳамоиши  СААД-ро бо мақсади  қабули  барномаи  ҳақиқии  Ташкилоти мо  тарафдорӣ намуданд.  Чунин барномаи  амал метавонад  ба бартарафсозии  бӯҳрон ва ҳалли    муноқишаҳо, беҳтар  намудани  иҷрои  ӯҳдадориҳои  давлатҳои  узви Созмон дар   чаҳорчӯби  се ченак :  қабули стратегияи  ҳамаҷониба бар зидди  таҳдидҳои   байналмилалӣ,  таҳкими институтҳо   ва муассисаҳои  СААД , ҳамчунин васеъ  намудани  доираи ҳамкориҳо  бо ташкилоти минтақавию   ғайриминтақавии дар ҳудуди   СААД   буда равона гардад. Аз ин рӯ  мо пешниҳоди  Қазоқистонро дар мавриди  баргузории  ҳамоиши  СААД дар соли 2010   дар Остона  тарафдорӣ менамоем.   Боварӣ дорем, ки    пас аз  танаффуси  даҳсола баргузор намудани  вохӯрии навбатии СААД дар сатҳи  оли ба ҳамаи  мо имкон медиҳад, ки  ба гузашта     ҷиддитар нигарем,  талабу таҳдидҳоро  дар фазои амниятӣ  муайян созем  ва самти кори ташкилотамонро   ба ҳалли  масъалаҳои  муҳим  равона созем. Мутассифона бояд зикр намуд , ки  солҳои охир  зимни санҷиши иқтисодӣ  ва экологии   фаъолияти СААД  дар кори  созмон  натиҷаи назаррас дида   нашуда, самаранокии    он низ паст шудааст.  Ҳарчанд стратегияи  Маастрихии соли  2003 барои   фаъолияти  назарраси ташкилот  дар ин самт   имконият медиҳад ,  вале афкори  гуногун доштани  давлатҳои  иштирокчии ин  Созмон аз  рӯи ин  масъала татбиқи  онро суст менамояд .  Мо мӯътақидем, ки     бе қабули қарорҳои  мувофиқи   ҷорию  потенсиалӣ     ба сулҳи устувор, бехатарӣ  ва босуботии  минтақа ноил гаштан   имконнопазир  аст. Мо чунин    меҳисобем ,ки  вақти он расидааст ба  фаъолияти иқтисодиву  экологии СААД  баҳои мувофиқ дода  шуда, нақши  созмон дар  бартараф намудани  муноқишаҳо бояд  баланд бардошта  шавад. Мо СААД-ро  даъват менамоем, то   ба муроҷиати  Ҳукумати  Тоҷикистон барои  ҳамкорӣ дар   амалисозии  лоиҳаҳое , ки   ба бартарафсозии  бӯҳрони иқтисодӣ ,  идоракунии захираҳои  обию энергетикӣ   равона шудаанд ,  ҳамовозӣ  намуда, ба ин восита дар  афзудани боварӣ   дар Осиёи Марказӣ  ҳиссаи худро  гузорад.   Вобаста ба ин мавзӯъ  пешниҳод менамоем , ки  ба  рӯзномаи кори  Ҳамоиш дар  якҷоягӣ бо дигар   масъалаҳои асосӣ,   ҳамчунин масъалаи  вусъати  ҳамкориҳои минтақавӣ  ва наздимарзиро бо  дарназардошти  вазъи Осиёи Марказӣ   ва   Афғонистон  дохил намоянд. Боварӣ дорем , ки вохӯрии ғайрирасмии    вазирони мо имкон медиҳад   рӯзномаи кори  ҳамоиш дастгирӣ  ёфта, ба ин васила  нуфузи давлатҳои  иштирокчии СААД  бештар гардад.

Июль 20, 2010 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд