БА МЕРОСИ ҶАҲОНӢ ПЕШНИҲОД КАРДА ШУДАНИ БОҒИ МИЛЛӢ

Июль 14, 2010 11:22

Душанбе, 14 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Боғи Миллии  худро баҳри муҳофизат аз нобудшавӣ ба мероси ҷаҳонӣ пешниҳод намуд. Боис ба тазаккур аст, ки Боғи Миллии Тоҷикистон дар кӯҳистони Помир ҷойгир аст.  Ба ин боғ кӯли Сарез, ки дар қаламрави ноҳияи Рӯшон мебошад, пиряхи Федченко, ки дар ноҳияи Ванҷ ҷойгир аст, гиёҳҳои нодири тамоми кӯҳистони Бадахшон ва ҳайвоноти нодири он дохил мешаванд,- мегӯяд олими соҳаи ҷуғрофӣ Холназар Муҳаббатов. Ба ақидаи олим, дар ин минтаи Тоҷикистон ба гиёҳҳо ва ҳайвоноти нодири он хавфи нобудшавӣ таҳдид мекунад. Барои аз нобудшавӣ нигоҳ доштани Боғи Миллӣ зарур дониста шуд, ки он  ба Кумитаи мероси ҷаҳонӣ пешниҳод карда шавад. Аз 25 –уми июл то 3 –юми августи соли ҷорӣ дар давлати Бразилия ҷаласаи навбатии Кумитаи мероси ҷаҳонӣ баргузор мегардад. Ба ҷаласаи навбатии кумита 35 кишвари ҷаҳон барои ворид кардан ба феҳристи мероси ҷаҳонӣ дархост додаанд.  Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ин даъвогарон аст, ки барои ворид кардан ба феҳристи он Боғи Миллии худро, ки онро Боғи  Табиӣ низ  ном мебаранд, пешниҳод кардааст.

Июль 14, 2010 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд