БА МЕРОСИ ҶАҲОНӢ ПЕШНИҲОД КАРДА ШУДАНИ БОҒИ МИЛЛӢ
Душанбе, 14 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Боғи Миллии худро баҳри муҳофизат аз нобудшавӣ ба мероси ҷаҳонӣ пешниҳод намуд. Боис ба тазаккур аст, ки Боғи Миллии Тоҷикистон дар кӯҳистони Помир ҷойгир аст. Ба ин боғ кӯли Сарез, ки дар қаламрави ноҳияи Рӯшон мебошад, пиряхи Федченко, ки дар ноҳияи Ванҷ ҷойгир аст, гиёҳҳои нодири тамоми кӯҳистони Бадахшон ва ҳайвоноти нодири он дохил мешаванд,- мегӯяд олими соҳаи ҷуғрофӣ Холназар Муҳаббатов. Ба ақидаи олим, дар ин минтаи Тоҷикистон ба гиёҳҳо ва ҳайвоноти нодири он хавфи нобудшавӣ таҳдид мекунад. Барои аз нобудшавӣ нигоҳ доштани Боғи Миллӣ зарур дониста шуд, ки он ба Кумитаи мероси ҷаҳонӣ пешниҳод карда шавад. Аз 25 –уми июл то 3 –юми августи соли ҷорӣ дар давлати Бразилия ҷаласаи навбатии Кумитаи мероси ҷаҳонӣ баргузор мегардад. Ба ҷаласаи навбатии кумита 35 кишвари ҷаҳон барои ворид кардан ба феҳристи мероси ҷаҳонӣ дархост додаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ин даъвогарон аст, ки барои ворид кардан ба феҳристи он Боғи Миллии худро, ки онро Боғи Табиӣ низ ном мебаранд, пешниҳод кардааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






