БАРГУЗОРИИ МАШҚХОИ ДЗЮДОЧИЁНИ ТОҶИК
Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). Дар ин навбат дастаи яккачини мардони Тоҷикистон оид ба дзюдо машқхои омӯзишӣ-тамриниро дар нохияи Шаҳристони вилояти Суғд мегузаронанд. Машқҳои омодагӣ ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон таҳти роҳбарии сармурабии дастаи яккачини Тоҷикистон оид ба дзюдо Бозор Носиров аз 20 июл оғоз гардида то 5 августи соли ҷорӣ гузаронида мешавад. Хотирасон менамоем, ки мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба дзюдо аз 9 то 13 сентябри соли 2010 дар Ҷопон баргузор мегардад. Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи байналхалқии охироне, ки дар шаҳри Москав доир гардида буд, дзюдочиёни тоҷик мағлуб гардиданд. Дар ин бора аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






