БАРГУЗОРИИ ЯРМАРКА ДАР ШАҲРИ РОҒУН
Душанбе, 22 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ, бо мақсади амалӣ намудани супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон аз 10 – уми апрели соли 2010 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ» ҳар ҳафта дар шаҳри Роғун ярмарка- фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир мегардад. Дар ярмаркае, ки бо ибтикори Вазорати кишоварзӣ дар шаҳри Роғун доир карда шуд, хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои Турсунзода, Ваҳдат, Шаҳринав, Ҳисор, корхонаҳои воҳиди давлатии «Моҳии Тоҷикистон», «Паррандапарвар» ва «Асали Тоҷикистон» ба миқдори 350 тонна гӯшт, 9600 кг картошка, 11 ҳазору 100 кг пиёз, 6150 кг бодиринг, 20 ҳазору 800 дона тухм нисбат ба нархи бозор 20 – 30 фоиз арзон ба фурӯш бароварданд. Чунин ярмаркаҳо дар шаҳри Роғун ҳар ҳафта то моҳи декабр аз тарафи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида мешаванд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






