БАРГУЗОРИИ ЯРМАРКА ДАР ШАҲРИ РОҒУН

Июль 22, 2010 09:45

Душанбе, 22 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ, бо мақсади амалӣ намудани супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон аз 10 – уми апрели соли 2010 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ» ҳар ҳафта дар шаҳри Роғун ярмарка- фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир мегардад. Дар ярмаркае, ки бо  ибтикори Вазорати кишоварзӣ дар шаҳри Роғун доир карда шуд, хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои Турсунзода, Ваҳдат, Шаҳринав, Ҳисор, корхонаҳои воҳиди давлатии «Моҳии Тоҷикистон», «Паррандапарвар» ва «Асали Тоҷикистон» ба миқдори 350 тонна гӯшт, 9600 кг картошка, 11 ҳазору 100 кг пиёз, 6150 кг бодиринг, 20 ҳазору 800 дона тухм нисбат ба нархи бозор 20 – 30 фоиз арзон ба фурӯш бароварданд. Чунин ярмаркаҳо дар шаҳри Роғун ҳар ҳафта то моҳи декабр аз  тарафи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида мешаванд.      

Июль 22, 2010 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд