БАРКАНОРИИ СУДЯҲО АЗ ВАЗИФА

Июль 16, 2010 16:01

Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — «Дар нимсолаи аввали соли равон судяҳои Суди Олӣ ба ҳайси суди марҳилаи якум 40 парвандаи ҷиноятиро нисбати 123 шахс баррасӣ намуданд, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта 8 парванда зиёд мебошад. Аз ин парвандаҳои баррасигардида 35 парванда нисбат ба 118 нафар бо баровардани хукми айбдоркунӣ, 2 парванда нисбат ба 2 нафар бо баргардонидан ба тафтишоти иловагӣ, 3 парванда нисбат ба 3 нафар бо татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидошта ва 1 парванда нисбат ба 1 нафар аз рӯи тобеияти судӣ ба судҳои поёнӣ ирсол карда шудааст»,- қайд кард муовини аввали Раиси Суди Олии ҶТ Анварҷон Юсупов дар нишасти матбуотие, ки 16 июли соли ҷори дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ба гуфти А. Юсупов аз 118 маҳкумшуда дар ҳаққи 85 нафарашон чазои маҳрум сохтан аз озодӣ, ба 33 нафар ҷазои ҷарима, нисбат ба 3 нафар чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ дошта ва нисбат ба 1 нафар ҷазои якумр аз озодӣ маҳрум сохтан таъин гардидааст.   Инчунин қайд гардид, ки Суди Олии ҶТ дар доираи салоҳияти худ тибқи қонунгузории мурофиавӣ ва талаботи Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаъолият намуда, дар давраи сипаригашта як қатор чорабиниҳоро ба сомон расонид.   Ҳамчунон дар самти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» низ ҷиҳати саривақт ва ҳаллу фасл намудани арзу шикоятҳои шаҳрвандон тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд. Дар шашмоҳаи сипаригашта ба Суди Олӣ 1 148 адад арзу шикояти шаҳрвандон ворид гардиданд, ки нисбат ба хамин давраи соли гузашта 244 адад кам мебошад, — гуфт А. Юсупов.      А. Юсупов қайд кард, ки дар нимсолаи гузашта собиқ судяи шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд ва собиқ судяи ноҳияи Фирдавсии пойтахт аз вазифа барканор шуданд.           

Июль 16, 2010 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд