БАРОДАР ХОҲАРИ ХУДРО ҒОРАТ КАРД
Душанбе, 27 июл. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Рӯзи 24 июли соли равон ба шӯъбаи корҳои дохилии рақами — 1 ноҳияи Синои пойтахт аризаи шаҳрванд Умарова Шаҳло, соли таваллудаш 1979, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе ворид гардид. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, 23 июли соли ҷорӣ ду ниқобпӯш вориди хонаи Ш. Умарова шуда, ӯро дашномҳои қабеҳ дода дасту по ва даҳонашро баста, сарашро тарошида таҳдид кардаанд, ки таппончаро аз автомашина гирифта ӯро мепарронанд. Аз хонаи ӯ 400 сомонӣ ва 1 адад телефони мобилии тамғаи «Нокия-6300»-ро гирифта маҷбуран ба мошинашон савор карда лату кӯб намуда, ба хонаи падару модараш ба шаҳри Ваҳдат бурданд. Ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, шаҳрвандон Умаров Раҳматулло, соли таваллудаш 1989, ки бародари ҷабрдида мебошад, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат ва Давлатов Ҳасан, соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, дастгир карда шуд. Далели шайъӣ гирифта шуд. Нисбат ба ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтиш идома дорад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






