БАРОДАР ХОҲАРИ ХУДРО ҒОРАТ КАРД

Июль 27, 2010 16:06

Душанбе, 27 июл. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Рӯзи 24 июли соли равон ба шӯъбаи корҳои дохилии рақами — 1 ноҳияи Синои пойтахт аризаи шаҳрванд Умарова Шаҳло, соли таваллудаш 1979, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе ворид гардид. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, 23 июли соли ҷорӣ ду ниқобпӯш вориди хонаи Ш. Умарова шуда, ӯро дашномҳои қабеҳ дода дасту по ва даҳонашро баста, сарашро тарошида таҳдид кардаанд, ки таппончаро аз автомашина гирифта ӯро мепарронанд. Аз хонаи ӯ 400 сомонӣ ва 1 адад телефони мобилии тамғаи «Нокия-6300»-ро гирифта маҷбуран ба мошинашон савор карда лату кӯб намуда, ба хонаи падару модараш ба шаҳри Ваҳдат бурданд. Ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, шаҳрвандон Умаров Раҳматулло, соли таваллудаш 1989, ки бародари ҷабрдида мебошад,  истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат ва Давлатов Ҳасан, соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, дастгир карда шуд. Далели шайъӣ гирифта шуд. Нисбат ба ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтиш идома дорад.  

Июль 27, 2010 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад