БАРРАСИИ БЕХАТАРИИ ПАРТОВҲОИ РАДИОАКТИВӢ ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 19 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Идоракунии бехатарии партовҳои радиоактивӣ ва манбаъҳои ионзо», таҳти чунин унвон 26-30 июли соли 2010 дар Душанбе семинари минтақавӣ баргузор мегардад. Ин чорабинӣ бо иқдоми Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуда, дар он мутахассисон аз кишварҳои Русия, Белоруссия, Украина, Арманистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Латвия, Литва ва Ӯзбекистон иштирок менамоянд. Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ табодули таҷриба дар идоракунии бехатарии партовҳои радиоактивӣ ва манбаъҳои ионзо аст. Дар назар аст, ки дар ҷараёни семинар дастовардҳои лоиҳа, пешниҳодҳои давлатҳои аъзои Оҷонсии байналмилалии энергияи атомӣ (МАГАТЭ), таҳлили натиҷаҳо, ки аз ҳисоботи миллии онҳо бармеоянд ва фаъолияти минбаъда дар ин самт, баррасӣ мегарданд. Семинари мазкур бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва кӯмаки МАГАТЭ гузаронида мешавад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






