БАРРАСИИ БЕХАТАРИИ ПАРТОВҲОИ РАДИОАКТИВӢ ДАР ДУШАНБЕ

Июль 19, 2010 14:25

Душанбе, 19 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Идоракунии бехатарии партовҳои радиоактивӣ ва манбаъҳои ионзо»,  таҳти чунин унвон 26-30 июли соли 2010 дар Душанбе семинари минтақавӣ баргузор мегардад. Ин чорабинӣ бо иқдоми Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуда, дар он мутахассисон аз кишварҳои Русия, Белоруссия, Украина,  Арманистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Латвия, Литва ва Ӯзбекистон иштирок менамоянд. Ҳадаф аз баргузории  ин чорабинӣ табодули таҷриба дар идоракунии бехатарии партовҳои  радиоактивӣ ва манбаъҳои  ионзо аст. Дар назар аст, ки дар ҷараёни семинар дастовардҳои лоиҳа, пешниҳодҳои давлатҳои аъзои Оҷонсии байналмилалии энергияи атомӣ (МАГАТЭ), таҳлили натиҷаҳо, ки аз ҳисоботи миллии онҳо бармеоянд ва фаъолияти минбаъда дар ин самт, баррасӣ мегарданд. Семинари мазкур бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва кӯмаки МАГАТЭ гузаронида  мешавад.

Июль 19, 2010 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд