БАРРАСИИ ДУРНАМОИ МАКРОИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 5 июл. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 2 то 3 июли соли равон Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгиригии Комиссияи Евразия дар Тоҷикистон конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи «Проблемаҳои рӯзмарраи макроиқтисодӣ: — дурнамо ва сиёсати макроиқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуд. Дар кори конфронс 50 нафар намояндагони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон, ҳамчунин якчанд вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, омӯзгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва сервис иштирок карданд. Тавре аз дафтари матбуотӣ Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар рафти конфронс намояндагони сохторҳои давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятии атрофи равияҳои гуногуни сиёсати макроиқтисодӣ баҳсҳо намуда, дурнамои макроиқтисодии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор додаанд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






