БОЗОМӮЗИИ МУТАХАССИСОНИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ

Июль 15, 2010 09:08

Душанбе, 15 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои маркази матбуоти «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» таваҷҷӯҳи роҳбарияти корхонаи мазкур баҳри омода намудани мутахассисони соҳаи авиатсияи гражданӣ сол то сол бештар мегардад. Ҳамасола барои бозомӯзӣ ва баланд бардоштани дараҷаи тахассусии кормандон даҳҳо мутахассисон барои бозомӯзӣ  ба шаҳрҳои Федератсияи Русия, Қазоқистон ва давлатҳои хориҷи дур  фиристода мешаванд. Ба майдони фурудгоҳ ҳамасола тамғаҳои   нави ҳавопаймоҳо ворид карда мешаванд. Ширкатҳои ҳавопаймоие, ки бо фурудгоҳи Душанбе ҳамкорӣ доранд, ҳавопаймоҳои навтарини «Эйрбас», «Боинг», «АН -120»- «Руслан» ва «Геркулес»-ро   дар ихтиёр доранд, ки истифодаи онҳо донишҳои мукаммал ва дараҷаи баланди тахассусиро тақозо менамоянд. Рӯзҳои наздик тибқи нақша, 12 нафар мутахассисони ҷавон  барои бозомӯзӣ ба маркази таълимии ширкати ҳавопаймоии «Сибир» фиристода мешаванд.   

Июль 15, 2010 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд