БОЗОМӮЗИИ МУТАХАССИСОНИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ
Душанбе, 15 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои маркази матбуоти «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» таваҷҷӯҳи роҳбарияти корхонаи мазкур баҳри омода намудани мутахассисони соҳаи авиатсияи гражданӣ сол то сол бештар мегардад. Ҳамасола барои бозомӯзӣ ва баланд бардоштани дараҷаи тахассусии кормандон даҳҳо мутахассисон барои бозомӯзӣ ба шаҳрҳои Федератсияи Русия, Қазоқистон ва давлатҳои хориҷи дур фиристода мешаванд. Ба майдони фурудгоҳ ҳамасола тамғаҳои нави ҳавопаймоҳо ворид карда мешаванд. Ширкатҳои ҳавопаймоие, ки бо фурудгоҳи Душанбе ҳамкорӣ доранд, ҳавопаймоҳои навтарини «Эйрбас», «Боинг», «АН -120»- «Руслан» ва «Геркулес»-ро дар ихтиёр доранд, ки истифодаи онҳо донишҳои мукаммал ва дараҷаи баланди тахассусиро тақозо менамоянд. Рӯзҳои наздик тибқи нақша, 12 нафар мутахассисони ҷавон барои бозомӯзӣ ба маркази таълимии ширкати ҳавопаймоии «Сибир» фиристода мешаванд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






