БУНЁДИ 35 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ

Июль 23, 2010 15:17

Душанбе, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар шаш моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ истеҳсоли як қатор номгӯи асосии маҳсулот дар соҳаҳои энергетика ва саноат афзуд, -қайд намуд зимни нишасти матбуотӣ муовини вазири энергетика ва саноати ҶТ  Акрам Сулаймонов .  Аз ҷумла,- афзуд ӯ,- истеҳсоли  нерӯи барқ  дар ҷумҳурӣ нисбат   ба ҳамин  давраи соли гузашта  1 млрд. 442,9 млн. кВт/  соат афзоиш ёфта, 8 млрд. 233,2 млн. кВт/ соат, мазут 5375,6 тонна,   сӯзишвории дизелӣ  1614,9 тонна ,  маҳсулоти заргарӣ  424,6 ҳазор сомонӣ , алюминии аввалия  180,6 ҳазор тонна, маҳсулоти дӯзандагӣ 46, млн. сомонӣ , семент 150,2 ҳазор тоннаро ташкил дод.   Дар нимсолаи аввали соли 2010 Вазорати энергетика  ва саноат  корро дар самти  ташкилу  барқароркунии корхонаҳо  ҷоннок намуда,  ба комёбиҳои  назаррас ноил шуд.   Дар тӯли 6 моҳ дар миқёси ҷумҳурӣ 75 корхона , аз ҷумла дар  системаи Вазорати  энергетика  ва саноат 35 корхонаҳои  нав ва  корхонаҳое, ки  дар ҳамин    давраи соли 2009  фаъолият надоштанд -КМ  « Кобул-Тоҷик-Текстайлз»,  ҶММ « Эҳё пласт»-и Душанбе, «Хима Текстил»-и Ёвон, « Душанбе-Текс», « Некӯ Хуҷанд», «Чарми Осиё»-и  Данғара, ҶММ «Сомон»-и шаҳри Чкаловск ва ғайра ба кор дароварда шудаанд.         

Июль 23, 2010 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд