БУНЁДИ 35 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ
Душанбе, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар шаш моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ истеҳсоли як қатор номгӯи асосии маҳсулот дар соҳаҳои энергетика ва саноат афзуд, -қайд намуд зимни нишасти матбуотӣ муовини вазири энергетика ва саноати ҶТ Акрам Сулаймонов . Аз ҷумла,- афзуд ӯ,- истеҳсоли нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 млрд. 442,9 млн. кВт/ соат афзоиш ёфта, 8 млрд. 233,2 млн. кВт/ соат, мазут 5375,6 тонна, сӯзишвории дизелӣ 1614,9 тонна , маҳсулоти заргарӣ 424,6 ҳазор сомонӣ , алюминии аввалия 180,6 ҳазор тонна, маҳсулоти дӯзандагӣ 46, млн. сомонӣ , семент 150,2 ҳазор тоннаро ташкил дод. Дар нимсолаи аввали соли 2010 Вазорати энергетика ва саноат корро дар самти ташкилу барқароркунии корхонаҳо ҷоннок намуда, ба комёбиҳои назаррас ноил шуд. Дар тӯли 6 моҳ дар миқёси ҷумҳурӣ 75 корхона , аз ҷумла дар системаи Вазорати энергетика ва саноат 35 корхонаҳои нав ва корхонаҳое, ки дар ҳамин давраи соли 2009 фаъолият надоштанд -КМ « Кобул-Тоҷик-Текстайлз», ҶММ « Эҳё пласт»-и Душанбе, «Хима Текстил»-и Ёвон, « Душанбе-Текс», « Некӯ Хуҷанд», «Чарми Осиё»-и Данғара, ҶММ «Сомон»-и шаҳри Чкаловск ва ғайра ба кор дароварда шудаанд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






