БУНЁДИ СЕХИ ИСТЕҲСОЛИ РАВҒАН ДАР ВАНҶ
Душанбе, 29 июл.(АМИТ « Ховар», Л. Додо).- Бадахшон сарзамини камзамин бошад ҳам, муҳити табиии он имконият медиҳад, ки мардум барои худ кор пайдо намоянд. Ба ақидаи сокини деҳаи Ғуҷовасти ноҳияи Ванҷ Васила Ғафурова деҳоти кӯҳистон аз неъматҳои гуногун бой буда, агар ба он танҳо бо меҳр бингарӣ, ҳам кор пайдо мекуниву ҳам рӯзгоратро пеш мебарӣ. Ҳоло Васила Ғафурова аз растаниҳои гуногун, аз ҷумла ангат дастӣ равған истеҳсол мекунад. Равғани истеҳсолкардаи апаи Василаро на танҳо ҳамдеҳагонаш, балки сокинони деҳаҳои ҳамсоя низ мехаранд. Васила Ғафурова ният дорад, ки соли оянда дар ноҳия сехи истеҳсоли равғани растаниро бунёд намояд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






