БУНЁДИ СЕХИ ИСТЕҲСОЛИ РАВҒАН ДАР ВАНҶ

Июль 29, 2010 17:25

Душанбе, 29 июл.(АМИТ « Ховар», Л. Додо).- Бадахшон сарзамини  камзамин бошад ҳам, муҳити табиии он имконият медиҳад, ки мардум барои худ кор пайдо намоянд. Ба ақидаи сокини  деҳаи Ғуҷовасти ноҳияи Ванҷ Васила Ғафурова деҳоти кӯҳистон аз неъматҳои гуногун бой буда, агар ба он танҳо бо меҳр бингарӣ, ҳам кор пайдо мекуниву ҳам рӯзгоратро пеш мебарӣ. Ҳоло Васила Ғафурова аз растаниҳои гуногун, аз ҷумла ангат дастӣ равған истеҳсол мекунад. Равғани истеҳсолкардаи апаи Василаро на танҳо ҳамдеҳагонаш, балки сокинони деҳаҳои ҳамсоя низ мехаранд. Васила Ғафурова ният дорад, ки соли оянда дар ноҳия сехи истеҳсоли равғани растаниро бунёд намояд.  

Июль 29, 2010 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд