ЧАРЛЗ МУР М. УБАЙДУЛЛОЕВРО БА ЛОНДОН ДАЪВАТ КАРД
Душанбе, 30 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаҳои таҳкими ҳамкории парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Британияи Кабир зимни мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо сафири фавқулодда ва мухтори Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тревор Чарлз Мур дар Душанбе баррасӣ гардиданд. Тибқи иттилои ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Саидов, нахустин ҳайати парлумонии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ таҳти роҳбарии лорд Вейверли 16 ноябри соли 2009 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуд ва Меморандуми гурӯҳи дӯстии парлумониро байни ду кишвар ба имзо расонид. Дар мулоқот дипломати бритонӣ даъватномаи парлумони Британияро ба раҳбарияти палатаи болоии парлумони Тоҷикистон супорид, ки тибқи он моҳи ноябри соли равон ҳайати намояндагони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси он Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Лондон сафар хоҳанд кард ва бо фаъолияти парлумони ин кишвар ошно хоҳанд шуд. Дар мулоқот ҳамчунин ҷонибҳо масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн, хусусан тавсеаи равобити ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабирро баррасӣ карданд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






