ЧОРАБИНИҲОИ ВАРЗИШӢ ДАР МУЪМИНОБОД

Июль 20, 2010 17:29

Мӯъминобод, 20 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон  Холлов). — Бахши  ҷавонон,  варзиш  ва саёҳии  ноҳияи  Мӯъминобод   рафти  иҷрои  барномаи  маҷмӯи  рушди  тарбияи  ҷисмонӣ  ва  варзиш  барои  солҳои  2006 – 2010 — ро  мавриди  амал  қарор дода  мувофиқи  нақша- ҷорабиниҳо  дар  давоми  шаш  моҳи  соли  ҷорӣ  ба  яқ  қатор  дастовардҳои  варзишӣ   ноил   гардид.  Абдулло  Раҷабов   мудири  бахши  мазкур   дар  бастагӣ  ба ин мавзӯъ   гуфт, ки      дар  давоми  шаш  моҳи  соли ҷорӣ   аз  тарафи   бахш  27   номгӯи  чорабиниҳои   варзишии ноҳиявӣ, 7 мусобиқаҳои  варзишии  вилоятӣ   ва   11  мусобиқаҳои   ҷумҳуриявӣ гузаронида  шуда дар  натиҷа варзишгарони  ноҳия   соҳиби  3 медали тилло, 14 медали нуқра, 7 медали биринҷӣ ва 27 диплому  ифтиҳорномаҳои  Кумитаи  ҷавонон  варзиш ва  саёҳии  назди  ҳуқумати  ҷумҳурии ҶТ  гардиданд.  Ба гуфтаи  ин    манбаъ  бахшида  ба  рӯзи  ҷавонони  Тоҷикистон  дар ноҳия   мусобиқаи  варзишӣ   аз  қабили  футболи  хурд   байни   ташкилоту  муассисаҳо  ва  ҷамоатҳои   шаҳраку деҳоти   ноҳия  гузаронида  шуда, ғолибони  мусобиқа   аз  тарафи   раиси  ноҳия  Сафарали  Зоқиров  бо   мукофотҳои пулӣ қадр карда шуданд. Тибқи  қарори  раиси  ноҳия   варзишгароне, ки   дар  мусобиқаҳои  вилоятӣ  ва  ҷумҳуриявӣ   ғолиби  мусобиқаи   варзишӣ   гардиданд   аз  тарафи   раиси  ноҳия   мукофотҳои  пулӣ  аз  200  сомони  то  500  сомони  қадр   када  шуданд.  

Июль 20, 2010 17:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд