ДАР БАДАХШОН БА ҶАМЪОВАРИИ ҒАЛЛА ШУРӮЪ КАРДАНД

Июль 28, 2010 09:26

Душанбе, 28 июн.(АМИТ «Ховар»,Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои Раёсати кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, кишоварзони вилоят ба дарави ғалла ва дигар зироатҳои лӯбиёгӣ шурӯъ карданд. Соли ҷорӣ кишоварзони  ин вилоят дар  масоҳати 6 ҳазору 340 гектар ғалла кишт намуданд. То 26 – уми июл дар шаш ноҳияи вилоят аз майдони 275 гектар   ғалла дастӣ дарав  шуда, 375 тонна гандум гирифта шудааст. Бино ба гуфти мутахассисон, бо вуҷуди он ки ҳосилнокии замини кишти вилоят чандон зиёд нест, аммо тавассути истифодаи нуриҳои минералӣ ва органикӣ ҳосилнокии замини киштро ба 14 – 16 сентнерӣ ва дар баъзе ноҳияҳои вилоят то ба 17 – 18 сентнерӣ расонидан имкон дорад. То 26 – уми июл ҳосили ҳар як гектар замини ғаллазори даравидашуда, ки асосан аз гандум иборат аст, 14,8 сентнериро ташкил медиҳад. Айни ҳол дар тамоми хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) – и вилоят ҷамъоварии  ҳосили ғалладона муташаккилона давом дорад.                   

Июль 28, 2010 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд