ДАР БАДАХШОН БА ҶАМЪОВАРИИ ҒАЛЛА ШУРӮЪ КАРДАНД
Душанбе, 28 июн.(АМИТ «Ховар»,Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои Раёсати кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, кишоварзони вилоят ба дарави ғалла ва дигар зироатҳои лӯбиёгӣ шурӯъ карданд. Соли ҷорӣ кишоварзони ин вилоят дар масоҳати 6 ҳазору 340 гектар ғалла кишт намуданд. То 26 – уми июл дар шаш ноҳияи вилоят аз майдони 275 гектар ғалла дастӣ дарав шуда, 375 тонна гандум гирифта шудааст. Бино ба гуфти мутахассисон, бо вуҷуди он ки ҳосилнокии замини кишти вилоят чандон зиёд нест, аммо тавассути истифодаи нуриҳои минералӣ ва органикӣ ҳосилнокии замини киштро ба 14 – 16 сентнерӣ ва дар баъзе ноҳияҳои вилоят то ба 17 – 18 сентнерӣ расонидан имкон дорад. То 26 – уми июл ҳосили ҳар як гектар замини ғаллазори даравидашуда, ки асосан аз гандум иборат аст, 14,8 сентнериро ташкил медиҳад. Айни ҳол дар тамоми хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) – и вилоят ҷамъоварии ҳосили ғалладона муташаккилона давом дорад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






