ДАР БИНОҲОИ БАЛАНДОШЁНАИ ШАҲР САНҶИШ ГУЗАРОНИДА МЕШАВАД

Июль 28, 2010 09:31

Душанбе, 28 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаҳои дастрасии аҳолии пойтахт бо оби нӯшокӣ, хизматрасонии  нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ, таъмини бозори истеъмолӣ, танзими нархи маҳсулот дар бозорҳои шаҳр ва вазъи роҳҳои пойтахт дар ҷаласаи шаҳрдории Душанбе, ки дар ҳузури Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд, баррасӣ гардиданд. Зимни натиҷагирӣ аз гузоришҳои масъулин Раиси шаҳр таваҷҷӯҳи  директори КВД «Обу корези Душанбе» Н. Хайруллоевро ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба муштариён ва сифати оби истеъмолии ба аҳолӣ интиқолшаванда нигаронид. М. Убайдуллоев ба масъулини соҳа дастур дод, ки дар доираи талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ оид ба ҳимояи  ҳуқуқи истеъмолкунандагон новобаста аз мавсими  сол хизматрасониро тақвият бахшида, ҷиҳати ҳаллу фасли муроҷиати шаҳрвандон фаъолияти гурӯҳҳои рафъи садамаро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд. Ҳамзамон,  бо мақсади ташкили назорати ҷамъятӣ дар фаъолияти КВД «Обу корези Душанбе» муқаррар карда шуд, ки дар муддати ду ҳафта  комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  оид ба масъалаҳои меъморӣ,  шаҳрсозӣ, сохтмон ва ободонӣ баҳри ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон санҷиши дахлдорро дар биноҳои истиқоматии баландошёнаи шаҳр вобаста ба ҳолати интиқоли оби нӯшокӣ анҷом дода, аз натиҷаи корҳои суратгирифта ба шаҳрдорӣ гузориш пешниҳод созанд.        

Июль 28, 2010 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад