ДАР БИНОҲОИ БАЛАНДОШЁНАИ ШАҲР САНҶИШ ГУЗАРОНИДА МЕШАВАД
Душанбе, 28 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаҳои дастрасии аҳолии пойтахт бо оби нӯшокӣ, хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ, таъмини бозори истеъмолӣ, танзими нархи маҳсулот дар бозорҳои шаҳр ва вазъи роҳҳои пойтахт дар ҷаласаи шаҳрдории Душанбе, ки дар ҳузури Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд, баррасӣ гардиданд. Зимни натиҷагирӣ аз гузоришҳои масъулин Раиси шаҳр таваҷҷӯҳи директори КВД «Обу корези Душанбе» Н. Хайруллоевро ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба муштариён ва сифати оби истеъмолии ба аҳолӣ интиқолшаванда нигаронид. М. Убайдуллоев ба масъулини соҳа дастур дод, ки дар доираи талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон новобаста аз мавсими сол хизматрасониро тақвият бахшида, ҷиҳати ҳаллу фасли муроҷиати шаҳрвандон фаъолияти гурӯҳҳои рафъи садамаро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд. Ҳамзамон, бо мақсади ташкили назорати ҷамъятӣ дар фаъолияти КВД «Обу корези Душанбе» муқаррар карда шуд, ки дар муддати ду ҳафта комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ, сохтмон ва ободонӣ баҳри ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон санҷиши дахлдорро дар биноҳои истиқоматии баландошёнаи шаҳр вобаста ба ҳолати интиқоли оби нӯшокӣ анҷом дода, аз натиҷаи корҳои суратгирифта ба шаҳрдорӣ гузориш пешниҳод созанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






