ДАР ДОНИШГОҲ МАРКАЗИ БИОТЕХНОЛОГӢ КУШОДА ШУД

Июль 15, 2010 11:20

Душанбе,  15 июл. (АМИТ «Ховар», Людмила  Дубинина). —  Соли равон бо  розигии  Ҳукумати  ҷумҳурӣ  дар  Донишгоҳи  миллии  мамлакат  Маркази  биотехнологӣ   кушода шуд. Ду  корманди  марказ  барои омӯхтани таҷриба ба Маркази  миллии биотехнологии  Ҷумҳурии  Қазоқистон  ба  шаҳри  Остона рафтанд. Илова  бар  ин  моҳи  майи  соли равон  роҳбарияти  Донишгоҳи  миллии  Тоҷикистон  бо директори  генералии  маркази  миллии  биотехнологии  Қазоқистон  Эрлан  Раҳмонқулов  ва директори Ҷамъияти  саҳҳомии  «Реал Тимебио» Вера  Тамарова  мулоқот  анҷом  дод. Зимни  мулоқот   барои таҷҳизоти технологии   дар Маркази  биотехнологии  Донишгоҳи  миллии Тоҷикистонбуда  барномаи  махсуси техникӣ  тартиб дода,   самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти   дорои  хусусияти  илмӣ  ва  амалӣ  муайян  карда шудаанд.  Дар  ин  бора  раиси Донишгоҳи  миллии  Тоҷикистон Нуриддин  Саидов  14  июл  зимни  нишасти  матбуотӣ  сухан  ронд. Вай  зикр  намуд, ки ҳадафи  асосии  ташкили Марказ  омода  сохтани  мутахассисон  аз  ҷумлаи  олимони  ҷавон  мебошад. Кормандони  марказ  роҷеъ  ба  11  мавзӯи  муҳимтарини  таҳкиқоти  биотехологии  имрӯза,  аз ҷумла   микробиология,  экология  ва  ғайра  таҳқиқот  анҷом  медиҳанд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки номзади  илми  биология,  дотсенти  факултаи биологияи  донишгоҳ  Хуршеда  Бобоҷонова директори  марказ таъин  карда шуд.

Июль 15, 2010 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд