ДАР ДОНИШГОҲ МАРКАЗИ БИОТЕХНОЛОГӢ КУШОДА ШУД
Душанбе, 15 июл. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Соли равон бо розигии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар Донишгоҳи миллии мамлакат Маркази биотехнологӣ кушода шуд. Ду корманди марказ барои омӯхтани таҷриба ба Маркази миллии биотехнологии Ҷумҳурии Қазоқистон ба шаҳри Остона рафтанд. Илова бар ин моҳи майи соли равон роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо директори генералии маркази миллии биотехнологии Қазоқистон Эрлан Раҳмонқулов ва директори Ҷамъияти саҳҳомии «Реал Тимебио» Вера Тамарова мулоқот анҷом дод. Зимни мулоқот барои таҷҳизоти технологии дар Маркази биотехнологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонбуда барномаи махсуси техникӣ тартиб дода, самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти дорои хусусияти илмӣ ва амалӣ муайян карда шудаанд. Дар ин бора раиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Нуриддин Саидов 14 июл зимни нишасти матбуотӣ сухан ронд. Вай зикр намуд, ки ҳадафи асосии ташкили Марказ омода сохтани мутахассисон аз ҷумлаи олимони ҷавон мебошад. Кормандони марказ роҷеъ ба 11 мавзӯи муҳимтарини таҳкиқоти биотехологии имрӯза, аз ҷумла микробиология, экология ва ғайра таҳқиқот анҷом медиҳанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки номзади илми биология, дотсенти факултаи биологияи донишгоҳ Хуршеда Бобоҷонова директори марказ таъин карда шуд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






