ДАР ДУШАНБЕ ДАРИ КИТОБХОНАИ «ШАҲРИЁР» БОЗ ШУД
Душанбе, 13 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-13 июл дар доираи сафари Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Исфандиёр Раҳими Машоӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе китобхонаи ба номи Муҳаммадҳусайни Шаҳриёр дари худро ба рӯи хонандагон боз кард. Китобхонаи мазкур дар доираи тавсеаи ҳамкории илмию фарҳангии Тоҷикистону Эрон созмон дода шуда, дар он беш аз се ҳазор китобҳои гуногуни илмию бадеӣ, ки дар Эрон бо ҳуруфи форсӣ нашр гардидаанд, нигоҳ дошта мешаванд Дар маросими ифтитоҳи он Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Эрон Исфандиёр Раҳими Машоӣ, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ, Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст ва дигар намояндагони илму фарҳанги Тоҷикистон сухан карда, ба фаъолият шурӯъ кардани китобхонаи «Шаҳриёр»—ро дар Душанбе фоли нек дар тақвияти робитаҳои илмию фарҳангӣ байни ду кишвари форсизабон арзёбӣ карданд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






