ДАР ИСТИРОҲАТГОҲИ «ДУРАХШОН»

Июль 9, 2010 15:02

Файзобод,9 июл. (АМИТ»Ховар»,Зебо Давлатова). — Бо саршавии  таътили тобистона истироҳатгоҳҳо барои наврасон дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ дари худро ба рӯи истироҳаткунандагон кушоданд. Истироҳатгоҳи «Дурахшон»  дар ҷамоати деҳоти Чашмасор ҷойгир буда пеш аз қабули истироҳаткунандагон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ноҳияи Файзобод таъмири ҷорӣ карда шуд. Тибқи гуфтаи мудири маорифи ноҳияи мазкур Маҳмадулло Аминов ба хабарнигори АМИТ»Ховар» дар истироҳатгоҳи «Дурахшон» айни замон 120 нафар истироҳаткунандагон дар таътил бо истироҳат фарогир шуда, бо хӯроки чорвақта,кати хоб,майдончаи варзишӣ,тениси рӯи миз ва ҳавзи шиноварӣ таъминанд. Мудири маориф афзӯд,ки дар истироҳатгоҳ боз барои 30 нафар толибилмон хонаи иловагӣ ба маблағи 48 ҳазор сомонӣ бо дастгирии раиси ноҳия Абдулло Ҳакимов сохта ба истифода дода мешавад. Дар оянда теъдоди истироҳаткунандагон ба 150 нафар мерасад.  Дар 40 мактаби ҳудуди ноҳия бештар аз 1040 нафар мактаббача дар назди мактабҳо истироҳат намуда, онҳо аз  хӯроки яквақта,омӯзиши компютерӣ ва бозиҳои шавқовар бархӯрдоранд. 

Июль 9, 2010 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд