ДАР ИСТИРОҲАТГОҲИ «ДУРАХШОН»
Файзобод,9 июл. (АМИТ»Ховар»,Зебо Давлатова). — Бо саршавии таътили тобистона истироҳатгоҳҳо барои наврасон дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ дари худро ба рӯи истироҳаткунандагон кушоданд. Истироҳатгоҳи «Дурахшон» дар ҷамоати деҳоти Чашмасор ҷойгир буда пеш аз қабули истироҳаткунандагон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ноҳияи Файзобод таъмири ҷорӣ карда шуд. Тибқи гуфтаи мудири маорифи ноҳияи мазкур Маҳмадулло Аминов ба хабарнигори АМИТ»Ховар» дар истироҳатгоҳи «Дурахшон» айни замон 120 нафар истироҳаткунандагон дар таътил бо истироҳат фарогир шуда, бо хӯроки чорвақта,кати хоб,майдончаи варзишӣ,тениси рӯи миз ва ҳавзи шиноварӣ таъминанд. Мудири маориф афзӯд,ки дар истироҳатгоҳ боз барои 30 нафар толибилмон хонаи иловагӣ ба маблағи 48 ҳазор сомонӣ бо дастгирии раиси ноҳия Абдулло Ҳакимов сохта ба истифода дода мешавад. Дар оянда теъдоди истироҳаткунандагон ба 150 нафар мерасад. Дар 40 мактаби ҳудуди ноҳия бештар аз 1040 нафар мактаббача дар назди мактабҳо истироҳат намуда, онҳо аз хӯроки яквақта,омӯзиши компютерӣ ва бозиҳои шавқовар бархӯрдоранд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






