«ДАР КӮИ ХАЛИЛ» ВА «ЁРИ ОШНО» ДАР ДУШАНБЕ МУАРРИФӢ ШУД

Июль 20, 2010 14:45

Душанбе, 20 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Имрӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони илму фарҳанги кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон ду китоби тозанашр-  «Дар кӯи Халил» ва «Ёри ошно» муаррифӣ гардиданд. Ин асарҳои арзишманди адабӣ ва хонданӣ ба қалами шоири шодравони афғон Халилулоҳи Халил (1907-1987) ва донишманди покистонӣ Орифи  Навшоҳӣ мутаалиқ буда, ба рӯзгор ва ашъори шоири шаҳири покистонӣ  Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ  ва шоири маъруфи афғон Халилулоҳи Халилӣ бахшида шудааст. Дар маросими муаррифии ин асарҳо Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мамадшо Илолов, сафирони фавқулодда ва мухтори Ҷумҳуриҳои  Исломии Афғонистону Покистон  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайид Муҳаммад Хайрхоҳ ва Холид Усмон Қайсар, шоири Халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким  ва дигар донишмандони кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон доир ба нақш ва ашъори безаволи   адабии ин ду чеҳраи шинохтаи адабиёти  тоҷику форс ибрози назар карданд. Онҳо нақши шоирони бузурги Афғонистону Покистон- Халилулоҳи Халил ва Муҳаммад Иқболи Лоҳуриро дар ташаккули адабиёти садаи 20 муҳим ва арзишманд маънидод карданд. Ин шахсиятҳои варзида  ва барҷастаи ҷаҳони ислом ва адабиёти муштараки тоҷикӣ -форсӣ бо ашъори нотакрори худ дар рушди фарҳанг ва адабиёти тоҷику форс аз худ нақши боризе ба ёдгор гузоштаанд. Назар ба иттилои донишманди афғон Муҳаммадҷаъфари Ранҷбар, ин асарҳои арзишманд ба муносибати эълон шудани шаҳри Душанбе пойтахти  фарҳанги исломӣ дар соли 2010 эҳдо гардидааст. Китобҳо ба забон ва ҳуруфи форсӣ бо иқдоми Китобхонаи ба номи устод Халилулоҳи Халил (Душанбе)  чоп гардида, аз ашъор, ҷойгоҳ ва рӯзгори ибратомӯзи шахсиятҳои барҷастаи адабиёти тоҷику форс-  Халилулоҳи Халил ва Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ  ҳикоят менамоянд.

Июль 20, 2010 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд