ДАР НОҲИЯИ ҲИСОР КИШТИ ТАКРОРӢ АНҶОМ ЁФТ

Июль 21, 2010 16:10

 Ҳисор, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев). —  «Мо  тамоми супоришҳои Сарвари давлат мӯҳтарам  Эмомалӣ Раҳмонро  дар бораи анҷоми  кишти такрорӣ  дар вақташ  ва бе каму кост иҷро мекунем»,- иброз дошт раиси ноҳияи Ҳисор Баҳриддин  Солеҳов зимни нишасти матбуотӣ, ки дар мақомоти  иҷроияи ҳокимияти  давлатии он  баргузор гардид. То имрӯз  дар хоҷагиҳои  ноҳия дар масоҳати  зиёда аз 3 ҳазору 600га  кишти  такрорӣ  анҷом ёфт. Дар нимсолаи аввал  аз тарафи нозироти  андози ноҳия  22 миллиону 46 ҳазору 644 сомонӣ  андоз ҷамъоварӣ карда шуд, ки  нисбат ба  ҳамин  давраи соли гузашта 341 ҳазору 639 сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми умумии  истеҳсоли  маҳсулоти саноатӣ  дар ин давра  бо нархҳои муқоисавӣ  3 миллиону  356  ҳазору  31  сомониро ташкил дод.   Имрӯзҳо  дар ҳудуди ноҳия  корҳои ободонию  бунёдкорӣ   вусъати  тоза меёбад.   Аз тарафи муассисаи  истифодабарии роҳҳои   автомобилгарди ноҳия  барои васеъ намудани кӯчаи А.Юсуфӣ ба маблағи  405 ҳазор  сомонӣ корҳои  таъмирию тармимӣ  ба анҷом расонида шудаанд.  Ҳамзамон дар  кӯчаи марказӣ, ки номи  Исмоили Сомониро дорад, аз  ҳисоби маблағҳои  соҳибкорон ба маблағи 60 ҳазор сомонӣ  зиёда  аз 900 м2 роҳҳои пиёдагард  васеъ карда шудаанд.  Дар даромадгоҳи   шаҳраки Ҳисор  аз ҷониби Ҷамъияти   масъулияташ  маҳдуди  «Тараққиёти  Ҳисор» сохтмони бозор  ва терминали нав  оғоз гардид. Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти  давлатӣ  ва кулли сокинони  Ҳисори  бостонӣ  баҳри таҳия  ва амалӣ намудани « Барномаи рушди   иҷтимоӣ- иқтисодии ноҳияи  Ҳисор»  тадбирҳои амалӣ  меандешанд. Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ  хабарнигорон аз    раиси ноҳияи Ҳисор  ва дигар кормандони масъули мақомоти иҷроия  ба  саволҳои худ  ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.       

Июль 21, 2010 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд