ДАР НОҲИЯИ ҲИСОР КИШТИ ТАКРОРӢ АНҶОМ ЁФТ
Ҳисор, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев). — «Мо тамоми супоришҳои Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи анҷоми кишти такрорӣ дар вақташ ва бе каму кост иҷро мекунем»,- иброз дошт раиси ноҳияи Ҳисор Баҳриддин Солеҳов зимни нишасти матбуотӣ, ки дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии он баргузор гардид. То имрӯз дар хоҷагиҳои ноҳия дар масоҳати зиёда аз 3 ҳазору 600га кишти такрорӣ анҷом ёфт. Дар нимсолаи аввал аз тарафи нозироти андози ноҳия 22 миллиону 46 ҳазору 644 сомонӣ андоз ҷамъоварӣ карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 341 ҳазору 639 сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин давра бо нархҳои муқоисавӣ 3 миллиону 356 ҳазору 31 сомониро ташкил дод. Имрӯзҳо дар ҳудуди ноҳия корҳои ободонию бунёдкорӣ вусъати тоза меёбад. Аз тарафи муассисаи истифодабарии роҳҳои автомобилгарди ноҳия барои васеъ намудани кӯчаи А.Юсуфӣ ба маблағи 405 ҳазор сомонӣ корҳои таъмирию тармимӣ ба анҷом расонида шудаанд. Ҳамзамон дар кӯчаи марказӣ, ки номи Исмоили Сомониро дорад, аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорон ба маблағи 60 ҳазор сомонӣ зиёда аз 900 м2 роҳҳои пиёдагард васеъ карда шудаанд. Дар даромадгоҳи шаҳраки Ҳисор аз ҷониби Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Тараққиёти Ҳисор» сохтмони бозор ва терминали нав оғоз гардид. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва кулли сокинони Ҳисори бостонӣ баҳри таҳия ва амалӣ намудани « Барномаи рушди иҷтимоӣ- иқтисодии ноҳияи Ҳисор» тадбирҳои амалӣ меандешанд. Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ хабарнигорон аз раиси ноҳияи Ҳисор ва дигар кормандони масъули мақомоти иҷроия ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






