ДАР НОҲИЯИ И. СОМОНИИ ПОЙТАХТ ДАЛЕЛИ АВБОШӢ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД
Душанбе, 8 июл. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи И. Сомонии пойтахт як далели авбошӣ ба қайд гирифта шуд. Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ, рӯзи 7 июли соли ҷорӣ аризаи шаҳрванд Содиқов Ҷамил, соли таваллудаш 1984, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ворид гардид. Дар он гуфта шудааст, ки 6 июли соли равон шахсони номаълум дар кӯчаи Сари-Осиё, ӯро лату кӯб намуда, бо корд ду маротиба ба пои росташ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд. Ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрвандон Ҳасанов Фарҳод, соли таваллудаш 1990, истиқоматкунандаи кӯчаи Энергетик ва Давлатов Аҳмад, соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи кӯчаи Рӯдакӣ дастгир шуданд. Нисбати ин шахсон парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтиш идома дорад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






