ДАР ОҒӮШИ ИСТИРОҲАТГОҲИ «ҲАМСАФАР»

Июль 6, 2010 13:20

Ваҳдат, 5 июл. (АМИТ»Ховар»,Зебо Давлатова). — Бо фарорасии   таътили тобистона дар тамоми истироҳатгоҳҳои бачагонаи ҷумҳурӣ баҳри хубу бофароғат гузаштани таътили мактаббачагон, тамоми шароиту имкониятҳо  ба роҳ монда мешавад то ин,ки насли навраси имрӯза таътилро хубу бофароғат гузаронанд. Истироҳатгоҳи бачагонаи «Ҳамсафар» яке аз истироҳатгоҳи хубу замонавӣ буда, айни замон дар оғӯши худ фарзандони меҳнаткашони диёрро бо истироҳати хуб фарогир намудааст.Аз гуфтаи    муовини  мудири маорифи шаҳри Ваҳдат Эркамоҳ Мирзоева ба хабарнигори АМИТ»Ховар»маълум гардид,ки имрӯзҳо дар истироҳатгоҳи «Ҳамсафар»180 нафар истироҳаткунандагон  басти аввалро ба итмом расонида ба хонаҳои  худ бо рӯҳи болида  бармегарданд.Дар басти дуюм боз 180 нафар толибилмон ба исироҳатгоҳ меоянд ва аз боду ҳавои муаттари минтақаи Ромит баҳравар мегарданд. Истироҳатгоҳ дорои 220 кат,утоқи компютерӣ,китобхона,ҳавзи шиноварӣ ва майдончаи варзишӣ буда,дар он 6 нафар мураббиён,4 нафар коргарон бо роҳбарии мудири истироҳатгоҳ Абдусалом Муродов ба наврасон  хизмат мерасонанд. Эркамоҳ Мирзоева афзуд,ки айни замон дар 85 мактаби ҳудуди шаҳри Ваҳдат 3468 нафар хонандагон  бо шароити  хуби таътил фарогир мебошанд.Онҳо бо хӯроки яквақта таъмин буда бо роҳбарии омӯзгорони соҳибихтисос бо хондани китобҳои бадеӣ,бозиҳои ҷолиби варзишӣ ва омӯзиши  фанҳои компютерӣ машғул мебошанд..  

Июль 6, 2010 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд