ДАР ОҒӮШИ ИСТИРОҲАТГОҲИ «ҲАМСАФАР»
Ваҳдат, 5 июл. (АМИТ»Ховар»,Зебо Давлатова). — Бо фарорасии таътили тобистона дар тамоми истироҳатгоҳҳои бачагонаи ҷумҳурӣ баҳри хубу бофароғат гузаштани таътили мактаббачагон, тамоми шароиту имкониятҳо ба роҳ монда мешавад то ин,ки насли навраси имрӯза таътилро хубу бофароғат гузаронанд. Истироҳатгоҳи бачагонаи «Ҳамсафар» яке аз истироҳатгоҳи хубу замонавӣ буда, айни замон дар оғӯши худ фарзандони меҳнаткашони диёрро бо истироҳати хуб фарогир намудааст.Аз гуфтаи муовини мудири маорифи шаҳри Ваҳдат Эркамоҳ Мирзоева ба хабарнигори АМИТ»Ховар»маълум гардид,ки имрӯзҳо дар истироҳатгоҳи «Ҳамсафар»180 нафар истироҳаткунандагон басти аввалро ба итмом расонида ба хонаҳои худ бо рӯҳи болида бармегарданд.Дар басти дуюм боз 180 нафар толибилмон ба исироҳатгоҳ меоянд ва аз боду ҳавои муаттари минтақаи Ромит баҳравар мегарданд. Истироҳатгоҳ дорои 220 кат,утоқи компютерӣ,китобхона,ҳавзи шиноварӣ ва майдончаи варзишӣ буда,дар он 6 нафар мураббиён,4 нафар коргарон бо роҳбарии мудири истироҳатгоҳ Абдусалом Муродов ба наврасон хизмат мерасонанд. Эркамоҳ Мирзоева афзуд,ки айни замон дар 85 мактаби ҳудуди шаҳри Ваҳдат 3468 нафар хонандагон бо шароити хуби таътил фарогир мебошанд.Онҳо бо хӯроки яквақта таъмин буда бо роҳбарии омӯзгорони соҳибихтисос бо хондани китобҳои бадеӣ,бозиҳои ҷолиби варзишӣ ва омӯзиши фанҳои компютерӣ машғул мебошанд..








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






