ДАР ШӮРООБОД ТАЪМИРИ МАКТАБҲО ОҒОЗ ГАРДИДАНД
Шӯрообод. 20 июл. (АМИТ “Ховар”, Сулаймон Холов). — Дар ноҳияи Шӯрообод бо маблағгузории буҷаи маҳалӣ ва саҳмгузории падару модарон таъмири мактабҳо оғоз гардид. Сардори раёсати молияи ноҳия Қурбон Марҷонов дар бастагӣ ба ин мавзӯъ гуфт, ки мувофиқи нақшаи тасдиқгардида то фарорасии соли хониши нав дар ноҳия 52 мактаби таҳсилоти умумӣ ва як мактаб — интернати бепарасторон аз таъмир бароварда шуда, бо лавозимотҳои хониш таъмин мегарданд. Ба гуфтаи ин манбаъ дар шаш моҳи соли ҷорӣ барои таъмири мактабҳои таҳсилоти умумӣ беш аз 100 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷаи маҳалӣ ва 19 ҳазор сомонӣ аз тарафи кумитаи падару модарон ҷудо гардид, ки ин маблағ барои таъмири мактабҳо ва хариди таҷҳизотҳои лозимаи хониш равона гардид.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






