ДАР ШАШ МОҲ 17 ҲАЗОРУ 262 ПАРВАНДА

Июль 27, 2010 09:31

Душанбе, 27 июл.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои раиси Шӯрои адлия Зафар Азизов, дар давоми шаш моҳи сипаришуда ба истеҳсолоти судии судяҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ 17 ҳазору 255 адад парвандаи гражданӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин  давраи соли гузашта   3 ҳазор зиёд аст. Аз шумораи умумии парвандаҳои воридшуда 13 ҳазору 14 адад парвандаи гражданӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.  Нисбат ба 8 ҳазору 979 адад парванда  ҳалнома бароварда шуда, 1129 адад парванда бе баррасӣ монда шудааст. Дар ин муддат ба истеҳсолоти судҳо ҳамчунин 4 ҳазору 31 адад парвандаҳои ҷиноятӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 679 адад камтар аст. Аз шумораи умумии парвандаҳои воридшуда 3259 адади он моҳиятан  баррасӣ гардида, нисбат ба 2684 нафар ҷинояткор ҳукми судӣ бароварда шудааст.  

Июль 27, 2010 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд