ДАР ШАШ МОҲ 17 ҲАЗОРУ 262 ПАРВАНДА
Душанбе, 27 июл.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои раиси Шӯрои адлия Зафар Азизов, дар давоми шаш моҳи сипаришуда ба истеҳсолоти судии судяҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ 17 ҳазору 255 адад парвандаи гражданӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳазор зиёд аст. Аз шумораи умумии парвандаҳои воридшуда 13 ҳазору 14 адад парвандаи гражданӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Нисбат ба 8 ҳазору 979 адад парванда ҳалнома бароварда шуда, 1129 адад парванда бе баррасӣ монда шудааст. Дар ин муддат ба истеҳсолоти судҳо ҳамчунин 4 ҳазору 31 адад парвандаҳои ҷиноятӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 679 адад камтар аст. Аз шумораи умумии парвандаҳои воридшуда 3259 адади он моҳиятан баррасӣ гардида, нисбат ба 2684 нафар ҷинояткор ҳукми судӣ бароварда шудааст.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






