ДАРАВИ КИШТ БА 62 ФОИЗ РАСОНИДА ШУДААСТ
Душанбе, 28 июл.(АМИТ «Ховар»,Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии вазорати кишоварзӣ, то 26 – уми июли соли ҷорӣ майдони 207 ҳазору 238 гектар ғаллаи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) – и ҷумҳурӣ даравида шуда, ҳосили 192 ҳазор гектари он ҷамъоварӣ гардидааст. Боис ба ёдоварист, ки майдони кишти зироатҳои кишоварзии ҷумҳурӣ дар соли ҷорӣ 333 ҳазору 100 гектарро ташкил медиҳад. Майдони ғаллаи даравидашуда нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 14 ҳазору 845 гектар зиёд мебошад. Ҳосили умумии ғаллаи ҷамъоваришуда ба 465 ҳазору 375 тонна расонида шудааст, ки 422 ҳазору 100 тоннаи онро гандум ташкил медиҳад. Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, аз майдони 244 ҳазору 274 гектар замини гандум масоҳати 177 ҳазору 55 гектари он даравида шуда, ҳосили 163 ҳазору 105 гектари он кӯфта шудааст. Ҳосилнокии ҳар гектар замини гандуми кӯфташуда 25,9 сентнериро ташкил медиҳад, ки ин дар шароити имрӯзаи ҷумҳурӣ нишондиҳандаи хеле паст аст.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






