ДАРАВИ КИШТ БА 62 ФОИЗ РАСОНИДА ШУДААСТ

Июль 28, 2010 09:25

Душанбе, 28 июл.(АМИТ «Ховар»,Лаззат Диловарзод).-  Бино ба маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии вазорати кишоварзӣ, то 26 – уми июли соли ҷорӣ майдони 207 ҳазору 238 гектар ғаллаи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) – и ҷумҳурӣ даравида шуда, ҳосили 192 ҳазор гектари он ҷамъоварӣ гардидааст. Боис ба ёдоварист, ки майдони кишти зироатҳои кишоварзии ҷумҳурӣ дар соли ҷорӣ 333 ҳазору 100 гектарро  ташкил медиҳад. Майдони ғаллаи даравидашуда нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 14 ҳазору 845 гектар зиёд мебошад. Ҳосили умумии ғаллаи ҷамъоваришуда ба 465 ҳазору 375 тонна расонида шудааст, ки 422 ҳазору 100 тоннаи онро гандум ташкил медиҳад. Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, аз майдони 244 ҳазору 274 гектар замини гандум масоҳати 177 ҳазору 55 гектари он даравида шуда, ҳосили 163 ҳазору  105 гектари он кӯфта шудааст. Ҳосилнокии ҳар гектар замини гандуми кӯфташуда 25,9 сентнериро ташкил медиҳад, ки ин дар шароити имрӯзаи ҷумҳурӣ нишондиҳандаи  хеле паст аст.

Июль 28, 2010 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид