ДАСТГИР ШУДАНИ ЯК ҶИНОЯТКОРИ КОРРУПСИОНӢ ДАР ХАТЛОН
Душанбе, 10 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи иттилои сардори шӯъбаи парвандаҳои коррупсионии Раёсати Агентии давлатии молиявии вилояти Хатлон Ҳикматулло Исматов, аз тарафи кормандони раёсати мазкур сармеханики муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Қумсангир С.Р бо ҷинояти сӯистифода аз мансаб ва азонихуднамудани маблағи калони давлатӣ дастгир намуданд. Зимни санҷиши молиявии фаъолияти муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Қумсангир муайян карда шуд, ки номбурда дар давраи фаъолияти кориаш аз моҳи майи соли 2009 то 1- уми июни соли ҷорӣ бо роҳи тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ 122 ҳазору 795 сомониро, ки аз буҷаи ҷумҳуриявӣ ва аз буҷети маҳаллӣ барои таъмири роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Қумсангир ҷудо карда шудааст аз они худ намуда, барои эҳтиёҷоти шахсиаш сарф кардааст. Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, нисбати дастгиршуда аз тарафи Раёсати Агентии НДМ вилояти Хатлон аз рӯи аломатҳои моддаи 245 қ2 банди «б» (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) –и КҶҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, тафтишот бурда мешавад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






