ДАСТГИР ШУДАНИ ЯК ҶИНОЯТКОРИ КОРРУПСИОНӢ ДАР ХАТЛОН

Июль 10, 2010 09:33

Душанбе, 10 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи иттилои сардори шӯъбаи парвандаҳои коррупсионии Раёсати Агентии давлатии молиявии вилояти Хатлон  Ҳикматулло Исматов, аз тарафи кормандони раёсати мазкур сармеханики муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Қумсангир С.Р бо ҷинояти сӯистифода аз мансаб ва азонихуднамудани  маблағи калони давлатӣ дастгир намуданд. Зимни санҷиши молиявии фаъолияти муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Қумсангир муайян карда шуд, ки номбурда дар давраи фаъолияти  кориаш  аз моҳи майи соли 2009 то 1- уми июни соли ҷорӣ бо роҳи тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ 122 ҳазору 795 сомониро, ки аз буҷаи ҷумҳуриявӣ ва аз буҷети маҳаллӣ   барои таъмири роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Қумсангир ҷудо карда шудааст  аз они худ намуда, барои эҳтиёҷоти шахсиаш сарф кардааст. Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, нисбати дастгиршуда аз тарафи Раёсати Агентии НДМ вилояти Хатлон аз рӯи аломатҳои моддаи 245 қ2 банди  «б» (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) –и КҶҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, тафтишот бурда мешавад.  

Июль 10, 2010 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!