ДАВРИ ДУЮМИ АМАЛӢ СОХТАНИ БАРНОМАИ ПАХШИ ТЕЛЕВИЗИОНИ РАҚАМӢ ДАР ҶТ
Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Имрӯз барномаҳои Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистонро 99, 71%, Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина»-ро 79,71%, Муассисаи давлатии телевизиони кӯдакону наврасон «Баҳористон»-ро 72,74% ва Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо»-ро 65,81% аҳолӣ тамошо менамоянд, — хабар дода шуд зимни нишасти матбуотӣ, ки 16 июл дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷ Т баргузор гардид. Ҳамчунин зикр гардид, ки ба наздикӣ даври дуюми иҷрои Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015» оғоз мегардад. Бояд қайд кард, ки давраи якуми барномаи мазкур аз тарафи ҶСК «Телерадиоком» барои пахш намудани барномаҳои Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон , Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина», Муассисаи давлатии телевизиони кӯдакону наврасон «Баҳористон», Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» 7- уми майи соли 2010 фиристандаи пахши рақамӣ бо стандарти аврупоии DVB-T, МРЕG-4 дар канали телевизионии 46 бо иқтидори 2500 Вт насб карда, ба истифода дода шуд. Фиристандаи мазкур аҳолии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи онро бо сифати баланди мавҷҳои телевизионӣ таъмин менамояд. Дар давраи дуюм бошад бо телевизиони рақамӣ аҳолии марказҳои вилоятҳои ҷумҳурӣ таъмин мегарданд. Тавре муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ Абдураҳмон Абдуманнонов иброз дошт; -дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ барои барномаҳои дуюми ҷумҳуриявии Радиои Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд фиристандаи FM «ТХFМ-1000»-1000 Вт, дар мавҷи 107,5 насб карда ба ба истифода дода шуд. «Дар шаҳри Хоруғ фиристандаи FM 30 Вт дар басомади 103, МГс барои барномаи радиои «Фарҳанг» насб карда, ба истифода дода шуд, гуфт дар охир А. Абдуманнонов.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






