ДАВРИ ДУЮМИ АМАЛӢ СОХТАНИ БАРНОМАИ ПАХШИ ТЕЛЕВИЗИОНИ РАҚАМӢ ДАР ҶТ

Июль 16, 2010 16:53

Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Имрӯз барномаҳои  Шабакаи якуми  телевизиони Тоҷикистонро   99, 71%, Муассисаи давлатии  «Телевизиони Сафина»-ро 79,71%,  Муассисаи давлатии  телевизиони кӯдакону  наврасон «Баҳористон»-ро 72,74% ва Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо»-ро 65,81% аҳолӣ тамошо менамоянд, — хабар дода шуд зимни нишасти матбуотӣ, ки 16 июл дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷ Т баргузор гардид. Ҳамчунин зикр гардид, ки ба наздикӣ даври дуюми иҷрои Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони  рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015» оғоз мегардад. Бояд қайд кард, ки давраи якуми барномаи мазкур аз тарафи ҶСК «Телерадиоком»  барои пахш намудани  барномаҳои Шабакаи   якуми Телевизиони Тоҷикистон ,  Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина»,  Муассисаи давлатии  телевизиони кӯдакону  наврасон «Баҳористон», Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» 7- уми   майи соли 2010  фиристандаи пахши    рақамӣ бо стандарти   аврупоии DVB-T, МРЕG-4 дар канали  телевизионии 46 бо иқтидори 2500 Вт насб карда,  ба истифода дода шуд. Фиристандаи мазкур   аҳолии шаҳри  Душанбе ва ноҳияҳои  атрофи онро  бо сифати баланди  мавҷҳои телевизионӣ  таъмин менамояд. Дар давраи дуюм бошад бо  телевизиони рақамӣ аҳолии марказҳои вилоятҳои ҷумҳурӣ таъмин мегарданд.          Тавре  муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ Абдураҳмон Абдуманнонов иброз дошт; -дар нимсолаи якуми соли  ҷорӣ  барои барномаҳои дуюми ҷумҳуриявии  Радиои  Тоҷикистон дар  ноҳияи  Бобоҷон Ғафурови  вилояти Суғд фиристандаи FM «ТХFМ-1000»-1000 Вт, дар мавҷи 107,5  насб карда ба  ба истифода  дода шуд.       «Дар шаҳри Хоруғ  фиристандаи FM 30 Вт  дар басомади  103, МГс  барои барномаи  радиои «Фарҳанг» насб карда,  ба истифода дода шуд, гуфт дар охир А. Абдуманнонов.        

Июль 16, 2010 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд