ДОНИШҶӮДУХТАРОН ОРОМГОҲИ ФИРДАВСИЮ ХАЙЁМ ВА АТТОРРО ЗИЁРАТ МЕКУНАНД

Июль 30, 2010 10:48

Душанбе, 30 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-15 нафар донишҷӯдухтарони тоҷик, ки таҳти сарпарастии намояндагии Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд,  ба Эрон сафар карданд. Онҳо муддати як ҳафта аз шаҳрҳои Теҳрон ва Машҳад боздид намуда, бо фаъолияти  муассисаҳои Кумитаи имдод дар ин шаҳрҳо шинос мегарданд. Мудири намояндагии Кумитаи имдод дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайидҷаводи Разавӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки донишҷӯдухтарони тоҷик, ки аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон мебошанд, ёдгориҳои таърихию фарҳангии Эронро тамошо карда, оромгоҳи шахсиятҳои барҷастаи адабиёти тоҷику форс,   ба мисли Абулқосим Фирдавсӣ, Умари Хайём ва Атторро зиёрат менамоянд. Сайидҷаводи Разавӣ афзуд, ки алҳол беш аз 300 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳу донишкадаҳои гуногун таҳсил менамоянд,  таҳти сарпарастии Кумитаи имдод қарор дошта, аз онҳо 186 нафарашро духтарон ташкил медиҳанд. Кумита дар давоми таҳсил ба  донишҷӯён, ки аз оилаҳои ниёзманд мебошанд, кӯмакҳои гуногуни моддӣ мерасонад. Инчунин, ба фарзандони оилаҳои камбизоат ҳангоми дохил шуданашон ба донишгоҳҳо, агар шартномавӣ бошанд, кӯмаки молӣ низ мерасонад.

Июль 30, 2010 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд