ДУ ҲОДИСАИ НОХУШ ДАР ЯК РӮЗ
Хоруғ, 27 июл. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Тавре аз Раёсати корҳои дохилии ВМКБ хабар доданд, рӯзи 25-уми июл дар шаҳри Хоруғ 2 ҳодиса рух дод. Нимаи рӯз дар кӯчаи Иброҳим Исмоил 2 мошини сабукрав ба ҳам бархӯрда, дар натиҷа ронандаи яке аз онҳо сокини шаҳри Хоруғ Холмаҳмад Холмаҳмадов дар ҷойи воқеа ҳалок гардид. Бегоҳии он рӯз бошад дар мавзеи «Селхозтехника»-и шаҳр нафари номаълуме ба тарафи мошини сабукрав, ки ба самти офтобнишин ҳаракат мекард, тир мепарронад. Бар асари ин тирпаронӣ сокини шаҳри Хоруғ Азим Ниятбеков, ки савори мошин буд, захм бардошта, дар беморхонаи вилоятӣ бистарӣ мегардад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






