ДУ ҲОДИСАИ НОХУШ ДАР ЯК РӮЗ

Июль 27, 2010 16:00

Хоруғ, 27 июл. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Тавре аз Раёсати корҳои дохилии  ВМКБ хабар доданд, рӯзи 25-уми июл дар шаҳри Хоруғ 2 ҳодиса рух дод. Нимаи рӯз дар кӯчаи Иброҳим Исмоил 2 мошини сабукрав ба ҳам бархӯрда, дар натиҷа ронандаи яке аз онҳо сокини шаҳри Хоруғ Холмаҳмад Холмаҳмадов дар ҷойи воқеа ҳалок гардид. Бегоҳии он рӯз бошад дар мавзеи «Селхозтехника»-и шаҳр нафари номаълуме ба тарафи мошини сабукрав, ки ба самти офтобнишин ҳаракат мекард, тир мепарронад. Бар асари ин тирпаронӣ сокини шаҳри Хоруғ Азим Ниятбеков, ки савори мошин буд, захм бардошта, дар беморхонаи вилоятӣ  бистарӣ мегардад.    

Июль 27, 2010 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад