ДУ ҲОЛАТИ ХУДКУШӢ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

Июль 7, 2010 17:06

Душанбе, 7 июл. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Рӯзи 6 июли соли равон ноболиғ Шарифов Рамазони 15 – сола, истиқоматкунандаи ҷамоати Қаратоғ, хонандаи синфи 8 мактаби таҳсилоти умумии №37-и ноҳияи Турсунзода, бо сабабҳои номаълум худро дар дохили оғилхонааш бо роҳи доркашӣ ба ҳалокат расонидааст. Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, сабаби худкушӣ муайян карда мешавад. Инчунин рӯзи 6 июл шаҳрванд Бобоёрова Шоира, соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи ноҳияи Панҷакент аз сабаби муноқишаи оилавӣ, худро дар ҳавлии истиқоматиаш бо роҳи доркашӣ ба ҳалокат расонидааст. Санҷиш аз тарафи покуратура идома дорад.

Июль 7, 2010 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад